Сафхаи асли

четверг, 28 июня 2012 г.

Раҳмон бо ду иқдом метавонад худ ва кишвару миллатро начот бидиҳад

Ба касе пушида нест, ки худи Раҳмон, раисчумҳури ғайриқонунии Точикистон дар чи вазъ қарор дораду ва кишвари точикон бо миллаташ дар чи вазъ.
Яъне мо ё ин ки худи Раҳмон бихоҳад (бихоҳем) ё нахоҳад (нахоҳем) ҳам режими сохта шудаи кунуниаш ба зуди шикаст хоҳад хурду ва Раҳмон аз курсиаш сарнагун хоҳад шуд! (Иншооллоҳ).

Каме ҳам бошад сари масъалаи кишвари точикон бо миллаташ бипардозем.

Инак 20-сол қабл ҳукумати шурави барҳам хурда аз байн рафт ва Раҳмон курсии президентиро ғайриқонуни соҳиб гашту тибқи гуфтаҳои режими раҳмони, Точикистон соҳибистиқлол гашт, яъне мустаъқилиятро ба даст овард. Бале, мустаъқилияте, ки Раҳмон якчо бо Точикистон аз кремл идора карда мешавад!

Хуб, инак 20-сол Раҳмон бо Рустамашу Озодаашу Тахминаашу ва дигаронашу ва туркнажодони муқими Данғараву Балчувонаш, хурда катаги карда гашт давлат ба давлат қарз чамъ карда дар ҳолати мадҳуши!
Точикистоне, ки худ ба андозаи пари парвона хурд ҳаст, тиккаву пора намуда тақсимаш кард ва то ҳол карда истодааст!
Миллати точик ва сокинони ин кишварро бар ғуломон табдил карда аз ватан беватан кард!

Хулоса ҳарчи кард, бениҳоят зишт кард, ҳам дар ҳаққи миллати точик ва ҳам дар ҳаққи ватани точик!
То он андоза зишт кард, ки ҳатто Чингизхон дар ҳаққи ин миллат чунин накарда буд!

Хуб, бармегардем сари масъалае, ки оё Раҳмон шонсе дорад ё на?

Бале, Раҳмон ду шонсе дорад (албатта ба назари банда), ки метавонад бо гирифтани ин ду иқдом, худ ва кишвару миллатро начот бидиҳад!

1. Раҳмон бояд иқдоме бигирад, ки дар Точикистон хатти (ҳуруфи) порси чори карда шавад!
Яъне қонуне қабул намояду ба имзо бирасонад, ки дар Точикистон баяд ба хатти порси бозгарданд!

2. Дар интихоботи раисчумҳурии соли 2013 номзадиашро нагузораду ба истеъфо биравад!
Ва ҳатто барои гузоштани шахсияте аз клани худаш ҳам кушише нанамояд!

Мехоҳам оиди ин ду иқдом рушани андозам.
Маслан ба иқдоме, ки бояд ба хатти ниёконамон баргардем, Раҳмон метавонад баъд аз худ исмашро дар сафҳаи сафеди тоърихи ин миллат сабт намояд. (гарчанде, ки исмашро аз сафҳаи сиёҳи тоърихи ин миллат пок карда наметавонад).

Сафҳаҳои адабиёти классикии форс-точикро варақ зада мебинем, ки аз Рудакѝ шуруъ карда то хотамулшуарои ин миллат бо фиғонҳову машаққатҳое аз олам даргузаштаанд! Яъне дар хуни мо чунин будааст, ки ҳатман орифони худро бо дасти худ таҳқир менамоему ва ҳатто ба қатл ҳам мерасонем, чигунае ки қавми яҳудро паёмбаркуш меноманд, коре менамоем, ки дар оянда моро низ қавми шоиркушу орифкуш биноманд.
Масалан: Рудакиро чашмонашро кур кардем!
Бадриддини Ҳилолиро дар бозори Ҳирот сангсор карда ба қатл расонидем!
Мансури Ҳаллочро сарашро аз танаш чудо намуда куштем!.......
Хулоса то ба имрўз, ки Лоиқро аз ғами миллат ғамбодда карда куштем......
"Пас биёед устод Муҳаммадчон Шукуриро ҳам аз ғами забону хатти ин миллат ба бемориаш шиддат бахшида бикушему ва устод Зафар Мирзоён, ки чавонтар ҳастанд, боз дар ягон толоре ҳучум болояш намуда шаттакаш карда мекушемашу ва шоир Бозор Собирро ҳам сарашро аз танаш чудо менамоем ё дастону ангуштонашро қатъ мекунем то ки дарси ибрат ба дигар орифону шоирону зиёиён гардаду дигар чуръате нанамояд, то ки бар зидди ислому қуръон суханвари намоянд!........

Инак сари иқдоми дуввум, ки Раҳмон бояд биравад ва рафтанаш ҳатмист!
Масалан: Раҳмон бо рафтанаш аз курсии президенти, метавонад дар Точикистон оромию осудагиро ҳифз намояд ва бо ихтиёри худ рафтанаш алакай хидмати бузурге хоҳад шуд бар ин миллат!
Агар канор наравад ҳам, канораш менамоянд!
Чунки дар ҳоли канор нарафтанаш ҳатман саҳнаҳои баҳори араби дар Точикистон такрор хоҳад шуд ва баъдан алакай дер мешаваду шармандавор ва чун чинояткоре канораш менамоянд!
Чунки алакай оташи инқилоб пухта расидаасту танҳо гугирд ва ё гугирдзане лозим то инқилоб ба вуқуъ ояд.

Шояд барои Раҳмон дигар шонсҳоеҳам вучуд дошта бошанд, аммо банда фикр кунам ин ду иқдоме, ки дар боло зикр кардам, аввалин ва беҳтаринҳояш бошад, ҳам бар худи Раҳмон бо оилаашу ақрабояш ва ҳам бар кишвару миллат!

суббота, 9 июня 2012 г.

Сиёати Эрон беҳтарини сиёсатҳост

Аз рўи баъзе маълумотҳо дарёфтам, ки гўиё аксарияти мардуми худи Эрон аз сиёсат ва режими кунунии раисчумҳури ин кишвар, Маҳмуд Аҳмад Нажод норози ҳастанду ин режимро на онқадар чонибдори менамоянд.
Агар чунин ҳаст, пас кори онҳост, ки ризо ҳастанд ё на.

Аммо дар зеҳнам чизи дигаре давр мезанаду тасаввур менамоям, ки фарз кардем ҳамин Аҳмади Нажод дар Точикистони мо раисчумҳур мебуд.......
Ачаб оли мешуд!

Чун дар воқеъ бингарем, гуноҳ на дар Аҳмади Нажод ҳасту на дар каси дигаре ва ё дар чизи дигаре.
Гуноҳ танҳо дар сохти давлатдории ин сарзамин ҳасту халос (албатта дар чашми олами ғарб, яҳуду насорро), ки Чумҳурии Исломист, ҳамин!
Яъне чои ин абармарди ирони ҳаркасе, ки мебуд албатта қавсаашро ба танг мегирифтанду таҳирмбандиаш менамуданд. Ба шарте, ки мисли ҳамин Аҳмади Нажод бо ғайрату бо ғурури милливу диниаш пойбарчо мемнду назди ҳар истилогаре сар хам наменамуду дар воқеъ мустақилияти ҳақиқиро мехосту расонидани ин сарзаминро ба авчи қудратҳо мехост!
Яъне гуноҳи Аҳмади Нажод танҳо дар ин аст, ки пеши касеву чизе сар хам накарду накарда истодааст.

Сиёсати пешгирифтаи роҳбарони Эронро бениҳоят эҳтиром менамоям. Чун ягона сохти давлатдори ва сиёати ҳукуматиест, ки дар курраи замин писандам ҳаст!

Точикистон на танҳо, балки кулли аҳон бояд сиёсат ва давлату давлатдориро аз Эрон биомузанд!
Худаш бар худаш хучаин аст.
Агар кореро бихоҳад анчом бидиҳад, пас аз касе фатво ногирифта, роҳбарон худ миёни худ машварат намуда ба хулосае меоянду анчом медиҳанд.

Баъди ба сиёсати Эрон назар афкандан, дубора ба сиёсати кунунии Точикистон назар менамоем.........
Рости, шарм медорам сиёсати кишвари худро бо сиёсати Эрон муқоиса намоям!

Мутаассифона боз баъзан бадбахтони гумроҳу чоҳили кур (ки шояд дар асл гумроҳу чоҳилу кур набошанду, ҳама ин сафсатагўиву ёвагўиро махсус ва бо ҳадаф мекарда бошанд), дар мадҳиясароиву васф намудани чаноби чоҳилашон Рамавонуф кафкҳои даҳонашонро дошта наметавонанду сиёсати Эронро таҳқир намуда худи ирониҳоро шиъа гуён чи туҳматҳое намезананду оиди ин бародаронамо ёваҳое намегуянд.

Зиёд не, балки як мисолаке мезанам.
Масалан фарз кардем, ки чои мо точикон ирониҳо мебуданду, чои Рамавонуфи мо Аҳмади Нажод. Ва русҳо барои ду халабони чинояткарошон чунин тасмим мегирифтанд, ки бо мо гирифта буданд,,,,,,!
Ирониҳо чи мекарданд?
Аҳмади Нажод чи тасмиме мегирифт?
Фикр кунам ҳочат ба баён нест, чунки ҳатто ба девона ҳам маълум ҳаст!
Хушбахтона дар миллати эронзанмин маҳалчиги нест, балки миллатыиги ҳаст. Агар ирониҳо миллатчи намебуданду миллатдустор намебуданд мисли русҳо, пас худо донотар ҳат, ки ҳоло ҳолашон чи буд!

Пас мо точикон низ бояд миллатчи бошем, на маҳалгаро. Чунки яке аз сарчашмаҳои бадбахтии мо, маҳз дар ҳамин маҳалгароиамон ҳаст!

понедельник, 21 мая 2012 г.

Муночоти "ТОЧИК"-и бо худо

Худои ман: агарчи миллати дар чаҳолат мондаи ман садову фиғону нолаву ашки чашмони мани бандаи очизатро набинаду нашунавад, пас яқин дорам, ки Ту маро мешунвию мебиниву ва ба хуби аз сузи дили афгорам огаҳи дори!
Аз ин хотир, гоҳо шабҳо ва гоҳе рузҳо бо мижгони пурнам бо ту рози дил намуда, аз Ту хоҳонам, ки бар миллати мазлумеам, ки худ гунаҳкор аст, неъмати аз ҳама бузургтарину беҳтаринеат, ки ақл (тавфиқу имону ғурури исломѝ) ҳаст, бидиҳи!
Чун Ту худ шоҳид ҳасти, ки чигуда ин миллатам дар ғафлату торики мондаасту чунон заиф имону беғайрате гаштааст, ки ҳатто агар кулли зарзаминашу оинашу имонашу озодиш аз даст биравад ҳам, тарсуву дайюсона хомуширо ихтиёр менамояд!

Парвардигоро: бубахш мани бандаи саги русиёҳатро, ки ин ашки чашмонамро ба хотири миллати бесоҳибу мазлуму дар ба дару ғулому фақиру бенавоям мерезаму на ба хотири Ту ё ҳабибат (с.а.с.)!

Холиқам: аз Ту талаби мағфират менамоям. Чунки Ту худ аз ҳоли ин қалби хуншорам огоҳ ҳасти, ки дар чунин ҳолате, ки алон қарор дорам, ҳарчи кушиш ҳам, ки намоям, аммо ба хотират қатри ашкеам низ чори намешавад. Чун Ту худ хоки маро чунин сириштаиву ишқ ва меҳру муҳаббати ин миллатамро чунон дар қалбам чой намудаи, ки ҳатто дар вақти кореро шуруъ намуданам, чои "Бисмоллоҳ", "Во миллатам" гуён корамро шуруъ намоям.

Худои ман: шояд маро барои он офариди, ки дар ғами миллатам ҳамеша бисузаму дудаш бар чашми касе аён набошад?
Шояд маро барои он "ТОЧИК"-ам офариди, ки то вақте чони "ТОЧИК"-и дар часади "ТОЧИК"-иам дорам, барои зарзаминҳои аз даст рафта, барои дороии аз даст рафта, барои оини аз даст рафта, барои имони аз даст рафтаи ин миллатам нолаи "ТОЧИК"-онае бинамоям?

Бошад.
Худои ман: бар замми ҳамаи камбудҳое, ки дар солҳои охир дар миллатам пайдо гаштааст, бар замми оне, ки ин умри кутоҳамро бо ғаму сузу афғони миллатам мегузаронам, бар замми оне, ки ин миллатам имонашро аз даст дода истодааст, шукр менамояму ин миллати чоҳиламро дўст медорам! Дуст медорам! Дуст медорам! Аз чонам ва ҳама дороиам бештар ин миллати гумроҳамро дуст медорам!!!!!!!

Парвардигорам: аз инчост, ки барои миллатам аз Ту талаби имону ғуруру ақлу ҳушёриву бедори хоҳонам!

Худои ман: аз рўйи ин чойнамозам буланд нахоҳам шуд, то вақте, ки чунин сифатҳоро бар миллатам ато нафармои!!!!!!!!!

Худои ман: боз ҳам аз Ту узр мепурсам. Чунки омодаам дар ингуна вазъе, ки миллатам қарор дорад, оби чашмамро барояш бирезам пеш аз оне, ки бароят мерезам.

Парвардигорам: ин миллатам соҳиб мехоҳад. Соҳибе мехоҳад чун Ту, соҳибе мехоҳад чун ҳабибат (с.а.с.), соҳибе мехоҳад чун хулафои рошидин (р), соҳибе мехоҳад чун Нушервони одил, соҳибе мехоҳад чун Буҳанифа ва ё соҳибони се мазҳаби дигар, соҳибе мехоҳад чун Имом Ҳумайни, соҳб мехоҳад, саҳиб мехоҳад, худоё: соҳиб мехоҳад, АММО СОҲИБИ "ТОЧИК"-И МЕХОҲАД, на соҳиби бегонаи "турк"-и мисли "Рамавонуф" ва ё бегонаи "рус"-иву "яҳуд"-и!
Балки соҳибе мехоҳад чун Рустами "ТОЧИК"-и ва ё Сомонии "ТОЧИК"-и!!!!!

Худои ман: аммо Ту худ беҳтар медони, ки ҳар миллате ба андозаи фаҳмишаш барои худ соҳиберо интихоб менамояд!
Аз ҳамин хотир аввалан миллатамро аз хоб бедор намо!!!

Парвардигорам: медонам, медонам, гарчанде, ки аз миллатам рўй гардонидаи, аммо аз Ту илтичо менамоям, ки бори дигар рўй чониби миллатам намову борони раҳматаро боли миллатам бибор!
Албатта борони "РАҲМАТАТРО"!
Чун Ту худ бар ман ин дуоро ба воситаи китоби муқаддасат қуръон дар сураи "Каҳф" таълим додаи. Банда яқин дорам, ки он "раҳмат"-е, ки ончо гуфтаи, албатта худи ҳамин тавфиқу ақлу идрокро зери назар дори!
Холиқам: пас ана ҳамин раҳматаро бар миллатам дареғ мадор, то ки худро бишносад!!!!
Холиқам: Ту худ беҳтар медониву Ту худ донотар ҳасти, ки вақте худашро, ки ба хуби шинохт, пас ҳатман Туро низ хоҳад шинохт!!!!

Парвардигорам: аввалан дар вақти назъи чонам гуё бикун забонам, аммо баъд аз Ту хоҳиш дорам, ки вақте дар сакароти маргам калимаамро ба "ТОЧИК"-и арза намудам, қабул бифармо.
Вақте часади "ТОЧИК"-иамро дар гур ниҳоданд, ба Мункар ва Накират бигу то бо ман бо "ТОЧИК"-и ҳарф бизананду суолу чавоб намоянд.
Агар дузах равонаам намуди, пас аз Ту хоҳиш дорам то дар оташе бисўзонам, ки он оташ, оташи "ТОЧИК"-и бошад.
Ва агар биҳиштам равона намуди, пас аз Ту хоҳиш дорам то ба биҳиште дохилам намои, ки дар он биҳишт ҳавои нафасгириам "ТОЧИК"-и бошад ва обҳояш обҳои "ТОЧИК"-и бошаду ва бошандагонаш "ТОЧИК" бошанд. Чун биҳишти точикиро дуст дорам ва майлам ба суяш ҳаст аз биҳишти Фирдавс дида, гарчанде, ки биҳишти Фирдавс беҳтару олитар аз "ТОЧИК"-и бошад.

Худои ман: дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ин бандаат ҳатман боз бо ашкҳои дар чашм ва дастони бардошта ва ё тасбеҳ ба даст болои чойнамозе бо нолаву афғонҳои "ТОЧИК"-иаш наздат хоҳад баргашт!

БО УМЕДИ "ТОЧИК"-И АЗ НАЗДАТ БА РАХТИ ХОБАМ ХОҲАМ РАФТ, ТО ИСТИРОҲАТИ "ТОЧИК"-ИЕ НАМОЯМ!

То ибодати навбати:

Муночоти "ТОЧИК"-и бо худо

Худои ман: агарчи миллати дар чаҳолат мондаи ман садову фиғону нолаву ашки чашмони мани бандаи очизатро набинаду нашунавад, пас яқин дорам, ки Ту маро мешунвию мебиниву ва ба хуби аз сузи дили афгорам огаҳи дори!
Аз ин хотир, гоҳо шабҳо ва гоҳе рузҳо бо мижгони пурнам бо ту рози дил намуда, аз Ту хоҳонам, ки бар миллати мазлумеам, ки худ гунаҳкор аст, неъмати аз ҳама бузургтарину беҳтаринеат, ки ақл (тавфиқу имону ғурури исломѝ) ҳаст, бидиҳи!
Чун Ту худ шоҳид ҳасти, ки чигуда ин миллатам дар ғафлату торики мондаасту чунон заиф имону беғайрате гаштааст, ки ҳатто агар кулли зарзаминашу оинашу имонашу озодиш аз даст биравад ҳам, тарсуву дайюсона хомуширо ихтиёр менамояд!

Парвардигоро: бубахш мани бандаи саги русиёҳатро, ки ин ашки чашмонамро ба хотири миллати бесоҳибу мазлуму дар ба дару ғулому фақиру бенавоям мерезаму на ба хотири Ту ё ҳабибат (с.а.с.)!

Холиқам: аз Ту талаби мағфират менамоям. Чунки Ту худ аз ҳоли ин қалби хуншорам огоҳ ҳасти, ки дар чунин ҳолате, ки алон қарор дорам, ҳарчи кушиш ҳам, ки намоям, аммо ба хотират қатри ашкеам низ чори намешавад. Чун Ту худ хоки маро чунин сириштаиву ишқ ва меҳру муҳаббати ин миллатамро чунон дар қалбам чой намудаи, ки ҳатто дар вақти кореро шуруъ намуданам, чои "Бисмоллоҳ", "Во миллатам" гуён корамро шуруъ намоям.

Худои ман: шояд маро барои он офариди, ки дар ғами миллатам ҳамеша бисузаму дудаш бар чашми касе аён набошад?
Шояд маро барои он "ТОЧИК"-ам офариди, ки то вақте чони "ТОЧИК"-и дар часади "ТОЧИК"-иам дорам, барои зарзаминҳои аз даст рафта, барои дороии аз даст рафта, барои оини аз даст рафта, барои имони аз даст рафтаи ин миллатам нолаи "ТОЧИК"-онае бинамоям?

Бошад.
Худои ман: бар замми ҳамаи камбудҳое, ки дар солҳои охир дар миллатам пайдо гаштааст, бар замми оне, ки ин умри кутоҳамро бо ғаму сузу афғони миллатам мегузаронам, бар замми оне, ки ин миллатам имонашро аз даст дода истодааст, шукр менамояму ин миллати чоҳиламро дўст медорам! Дуст медорам! Дуст медорам! Аз чонам ва ҳама дороиам бештар ин миллати гумроҳамро дуст медорам!!!!!!!

Парвардигорам: аз инчост, ки барои миллатам аз Ту талаби имону ғуруру ақлу ҳушёриву бедори хоҳонам!

Худои ман: аз рўйи ин чойнамозам буланд нахоҳам шуд, то вақте, ки чунин сифатҳоро бар миллатам ато нафармои!!!!!!!!!

Худои ман: боз ҳам аз Ту узр мепурсам. Чунки омодаам дар ингуна вазъе, ки миллатам қарор дорад, оби чашмамро барояш бирезам пеш аз оне, ки бароят мерезам.

Парвардигорам: ин миллатам соҳиб мехоҳад. Соҳибе мехоҳад чун Ту, соҳибе мехоҳад чун ҳабибат (с.а.с.), соҳибе мехоҳад чун хулафои рошидин (р), соҳибе мехоҳад чун Нушервони одил, соҳибе мехоҳад чун Буҳанифа ва ё соҳибони се мазҳаби дигар, соҳибе мехоҳад чун Имом Ҳумайни, соҳб мехоҳад, саҳиб мехоҳад, худоё: соҳиб мехоҳад, АММО СОҲИБИ "ТОЧИК"-И МЕХОҲАД, на соҳиби бегонаи "турк"-и мисли "Рамавонуф" ва ё бегонаи "рус"-иву "яҳуд"-и!
Балки соҳибе мехоҳад чун Рустами "ТОЧИК"-и ва ё Сомонии "ТОЧИК"-и!!!!!

Худои ман: аммо Ту худ беҳтар медони, ки ҳар миллате ба андозаи фаҳмишаш барои худ соҳиберо интихоб менамояд!
Аз ҳамин хотир аввалан миллатамро аз хоб бедор намо!!!

Парвардигорам: медонам, медонам, гарчанде, ки аз миллатам рўй гардонидаи, аммо аз Ту илтичо менамоям, ки бори дигар рўй чониби миллатам намову борони раҳматаро боли миллатам бибор!
Албатта борони "РАҲМАТАТРО"!
Чун Ту худ бар ман ин дуоро ба воситаи китоби муқаддасат қуръон дар сураи "Каҳф" таълим додаи. Банда яқин дорам, ки он "раҳмат"-е, ки ончо гуфтаи, албатта худи ҳамин тавфиқу ақлу идрокро зери назар дори!
Холиқам: пас ана ҳамин раҳматаро бар миллатам дареғ мадор, то ки худро бишносад!!!!
Холиқам: Ту худ беҳтар медониву Ту худ донотар ҳасти, ки вақте худашро, ки ба хуби шинохт, пас ҳатман Туро низ хоҳад шинохт!!!!

Парвардигорам: аввалан дар вақти назъи чонам гуё бикун забонам, аммо баъд аз Ту хоҳиш дорам, ки вақте дар сакароти маргам калимаамро ба "ТОЧИК"-и арза намудам, қабул бифармо.
Вақте часади "ТОЧИК"-иамро дар гур ниҳоданд, ба Мункар ва Накират бигу то бо ман бо "ТОЧИК"-и ҳарф бизананду суолу чавоб намоянд.
Агар дузах равонаам намуди, пас аз Ту хоҳиш дорам то дар оташе бисўзонам, ки он оташ, оташи "ТОЧИК"-и бошад.
Ва агар биҳиштам равона намуди, пас аз Ту хоҳиш дорам то ба биҳиште дохилам намои, ки дар он биҳишт ҳавои нафасгириам "ТОЧИК"-и бошад ва обҳояш обҳои "ТОЧИК"-и бошаду ва бошандагонаш "ТОЧИК" бошанд. Чун биҳишти точикиро дуст дорам ва майлам ба суяш ҳаст аз биҳишти Фирдавс дида, гарчанде, ки биҳишти Фирдавс беҳтару олитар аз "ТОЧИК"-и бошад.

Худои ман: дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ин бандаат ҳатман боз бо ашкҳои дар чашм ва дастони бардошта ва ё тасбеҳ ба даст болои чойнамозе бо нолаву афғонҳои "ТОЧИК"-иаш наздат хоҳад баргашт!

БО УМЕДИ "ТОЧИК"-И АЗ НАЗДАТ БА РАХТИ ХОБАМ ХОҲАМ РАФТ, ТО ИСТИРОҲАТИ "ТОЧИК"-ИЕ НАМОЯМ!

То ибодати навбати:

пятница, 18 мая 2012 г.

Дар сах. 8-10 рузномаи
Озодагон тахти №15 (224) аз 18 апрели соли 2012 саволу
чавоби СЎХРОБ ШАРИПОВ
зери унвони «Аслитарин
номзад барои президент
шудан Рахмон аст» ба табъ
расидааст. Маколаи мазкурро мутолиа намуда ман ва дигар
гуруххои чомеъа онро умуман
дастгири наменамоем, чунки
ба вокеъияти иктисоди ва
ичтимоии рухдодаи имрузаи
чумхури он умуман чавобгу нест. Агар сади рохи маколаи
мазкур гирифта нашавад, пас
Точикистон бо боварии том
гуфтан мумкин аст, ки на
танхо то соли 2020-ум балки
баъди он низ ба худ намеояд ва кашокии мардум аз ин
дида зиёдтар мешаваду
камтар не. Имруз дар чомеъа
дар холе ки ягон мувафакият
ба вучуд наомадааст, онро ба
номи Эмомали Рахмон шарху эзох медиханд, гуё ки факат
як фард кор карда истодаасту
наздики 8 миллион ахолии
дигар умуман коре накарда
истодааст ва гуё ки 8 миллион
ахоли ягон аклу идроке надошта, факат сухани
Эмомали Рахмонро интизор
мешаванд, ки барои «ояндаи
неки онхо» чи кор кардан
лозим аст. Мантики фикрони
холати баръаксро нишон медихад, ки алакай барои
авлоди намудани хокимияти
давлати Эмомали Рахмонро
рохбари то соли 2020-уми
Точикистон эълон карда
истодаанд. Хол он ки рафти давлатдори, кашокшавии
мардум, бенизомии чомеъа
холати онро нишон медихад,
ки агар имруз Эмомали
Рахмон ба истеъфо наравад,
пас фардо ё ин ки пасфардо дер мешавад. Инро руи рост
натарсида гуфтан лозим аст.
Марди номбурда барои
мардуми мо ягон хизмате
накардааст, холати он ки
сулху вахдат баста шуд, ин хизмати як шахс не, балки
хизмати садхо мардхои
таърихи буд, ки кисме онхо
имруз дар зиндон
нишастаанд, кисми дигар
кушта шуд, кисми дигар фирор аз Ватан карданд… Ба
бисёр саволхои худи Сухроб
Шарипов чавоб медихад,
мантикан чавоби аники у аён
аст, чунончи дар макола
оварда мешавад, ки «Баъди руи кор омадани Эмомали
Рахмон, то кунун касе
натавониста бо ў барои
курсии президенти раќобат
кунад. Аммо чаро? Президент
раќиби чидди надорад ва ё фазои сиёсии дохили кишвар
ба раќибон ичоза надода то
муваффаќ шаванд?» Дар хама
давру замон барои курсии
Президенти ракиби чидди
вучуд дорад, таърихи давлатдории тамоми
давлатхо ин холатро нишон
медихад, чи Фаронса, Амрико,
Ирон ва ё ин ки кишвари
дигар. Барои Президент
шудан факат конунро дуруст ичро намудан лозим аст, ин
ягон кори душворе нест, ки
ба киштукор машгул шави, ё
ин ки ягон накшаи
истехсолиро ичро намои.
Миллати точик бе Эмомали Рахмон хазорхо сол зиста буд
ва мезияд, он човидон
мемонад, чунки таърих ва
фарханги доштаи он инро
такозо менамояд. Барои ин
хизмати Эмомали Рахмон лозим нест. Агар ки шиори
«Эмомали Рахмон марди бе
раќиби Точикистон»! монем,
пас мантикан гуфтанием, ки
дар Точикистон ягон мард
нест, хама номард шудаанд, факат Эмомали Рахмон
мондааст ки чи коре ки
мехохад, мекунад ва дар
назди касе чавобгу нест.
Вокеъияти Точикистон низ
чунин мебошад. Эмомали Рахмон чи сухани хаку хато
гуфт, сухани у сухан
мебошад, касе онро мавриди
тахлил карор намедихад,
мавриди танкид карор
намедихад, окибат ба шикасти миллат омада
мерасем. Дур намеравем,
сахмияхои «Рогун» харида
шуд, пули калон чамъ омад,
он ба суратхисоби бонкхои
калон гузаронида шуд. Имруз бонкхо ин пулхои мардумиро
чи тавре ки мехоханд,
истифода бурда истодаанд,
фоидаи калон ба даст оварда
истодаанд, мардуме ки пул
доданд, на кувваи баркро дида истодаанд, баръакс
арзиши барк аз 9 дирам ба 11
дирам расид. Модоме ки мо
давлати ичтимои бошем,
пули мо ба сахмияхои НБО
«Рогун » табдил ёфта бошад, пас чаро фоидае ки бонкхо аз
гардиши пули мо меравад,
барои харочоти зиёдшавии
кувваи барк дар хачми 2
дирами чудо намешавад. Мо
холо оиди он ки 12-13 сол пеш чи тавр сахмияхои НБО
«Сангтуда»-ро харида будем
ва аз он дараке нест, ки
маблагхои он кучо шудаанд,
холо харфе намезанем, хол
он ки он маврид низ мардум маблагхои охирини мехнатии
худро бовар карда супурда
буданд. Мана хизмати
Эмомали Рахмон барои
миллат не, барои бонкхои
Ориёнбонк ки сарвараш хусурбачааш Хасан
Асадулозода мебошад, барои
бонки Агроинвестбонк ки
сарвараш Муродали
Алимардон мебошад ва
бонкхои ба ин монанд. Пуле ки мо сахмия харидаем, руз то
руз бекурб шуда истодааст,
агар дар мукобили он мо
пештар фарз мекардем, ки 50
грамм тилло харида тавонем,
пас дар шароити имруза 5-6 грамм низ харида
наметавонем, бар замми ин
вакте ки он ба мо агар,
баргардонда шавад, ки ба ин
ягон боварие нест, пас ба
ивази он умуман хеч чиз харида намешавад, оё ин
фиреби миллат нест, оё ин
доди миллат нест, агар ки
Эмомали Рахмон барои ин
чавобгар набошад, пас ки
чавобгар оё худи мо ки, ки пули охиринамонро барои
НБО «Рогун» додем, имруз
бонкхо онро бошад, дар
гардиши худ карор додаанд ё
ин ки ашхосе ки моро фиреб
додаанд. Дар мусохиба савол оиди он монда мешавад,
«Чаро бо гузашти 20 сол аз
истиќлолият раќибони сиёси
натавонистанд Эмомали
Рахмонро дар интихоботи
президенти шикаст диханд, фазои сиёсии кишвар
нагузошт ва ё раќибон
нотавон буданд?» Ракиб хеч
вакт нотавон буда
наметавонад, душманат агар
паша бошад, онро фил шумурдан лозим аст. Аммо
Эмомали Рахмон хамеша дар
интихоби президенти шикаст
мехурд, факат бо
такалубкории овозхо
вазъиятро тагир медод. Эмомали Рахмон хеч вакт
иродаи чиддии сиёси,
хаќиќатчуи,
адолатпарвариро доро нест. У
аз сатхи зиндагии халќ огох
нест. Имруз Хуршедаи чавонро дар Екатеренбург
тачовуз ва мекушанд, садхо
фарзандони точикро зери по
дар Руссия менамоянд,
мардум фарзанду
оилаашонро партофта барои кофтани чойи кор ба Руссия
мераванд. Президент Эмомали
Рахмон дар Точикистон дар
касрхои навини худ, озодона
зиндаги дорад, кай фикри он
дорад, ки кадом точикро дар кучо ва барои чи берун аз
ватан ба катл расонидаанд.
Оё ин хиёнат ба миллати
точик нест, тахкири миллати
мо нест. Президенти хуб агар
ки мебуд, дар Точикистон дар муддати 20 сол хазорхо
чойхои кори ташкил мекард,
сатхи зиндагии мардумро
боло мебардошт. Баръакс мо
дида истодаем, ки чумхури
руз то руз ба карз гута зада истодааст, имкони бо Эмомали
Рахмон баргардонидани ин
карз дигар мавчуд нест ва он
сипори вазнине ба души
фарзандону ояндагони мо
мебошад, ки агар Эмомали Р- ро имруз ба истеъфо наравад,
пас меомадагон моро
намебахшанд. Ба чойи хаёти
хубу гуворо мо ба онхо то
соли 2020-ум камаш 7-8
миллиард доллар карз ба душашон мемонем.
Зиёдшавии карзхо хар сол
250-300 миллион доллар зид
шуда истодааст. Дар даври
Ленину Сталин марксистхои
машхур сархадхои Точикистон мукарар шуд, ки
то хатто Иттиходи Шурави
китъаи сархади моро ба дигар
давлат вогузор накард, аммо
дар давраи Президентии
Эмомали Р. баръакс як кисми Точикистон бе машварат бо
халки он, бе райъпурсии
умуми ба дигар давлат дода
шуд. Чи тавр ин шахсро мо
хакикатчуй ва ё ин ки
адолатпарвар гуфта метавонем, вакте ки дар
вучуди у заррае аз ин аломат
нест. Дур намеравем, пулаки
кардани роххо на камтар аз
100 000 одам норозиги кард,
дар матбуот баромад, имзо чамъ карданд. Президент
хомуш аст, у дар дохили
кишвар чи кор рафта
истодааст, намедонад,
вагарна як бор мепурсид, ки
ин 100 000 одам чаро норозиянд, пулхое ки домоди
у Чамолидин аз рох мечинад,
кучо меравад. Модоме ки ин
кадар кори осон пулчини
бошад, чаро онро бояд
сохтори давлати начинаду, як ширкати одди ки аз хаво
пайдо шудааст, ин пулхоро
доро шавад. Хонахои
мардумро дар худуди нохияи
Рудаки минтакаи 1-май ба
хок яксон мекунанд, мардум ба шур омадаанд, Президент
гиряи модарон ва кудаконро
намебинад, ки чи тавр баъде
ки сохторхои давлати тамоми
карорхои дахлдорро додаанд,
мардум 4-5 сол хона сохтаанд, хонахои онхоро нобуд
мекунанд. Бозори
«Зарнисор»-и Душанбе ки аз
руи конуни ЧТ «Дар бораи
конунигардонии молу мулк»
конуни шудааст, мавриди бахс карор дода мешавад,
конунхо сохибкоронро
дастгири менамоянд, аммо
Президент хомуш аст, боз
хароби руй медихад. Хазорхо
чунин мисолхоро овардан мумкин аст. Чи даркор
Президенте ки мукобили
иродаи халк кор намояд. Ман
муддати 14 сол пули халоли
худро дар асоси карори суд аз
хусурбачаи Эмомали Рахмон – Хасани банкир гирифта
наметавонам, 70 мактуб ба
Президент навиштам, 5-6
мактуби кушода ба номи у
дар матбуот равона кардам,
аммо аз сабаби он ки Эмомали Рахмон факат Президенти
хонаводаи худ мебошад, ба
ягон мактуби ман аз шарм
чавоб намедихад. Ман оиди
гайриконуни фурухтани моли
халк яъне комбинати ордбарории Темурмалик ки
холо барои сохтани он на
камтар аз 200 миллион
доллар лозим аст, ба
Президент маълумот равона
менамоям, Президент ба чойи он ки пурсад, ки чаро Хасани
у моли халкро муфт хамаги ба
160 000 доллар гирифтааст,
мухри хомуширо зада, харфе
намезанад, чунки манфиати
оилаи кучаи у ва Хасани у бехтар аз манфиати миллат
аст. Хубтар мебошад, ки 200
миллион доллари халк дар
киссаи Хасани у бошад,
нисбати он ки моли халкро
химоя намояд. Пас худ казоват кунед, барои чи ба мо
чунин Президент лозим аст.
Бехтарин фарзандони миллат
мисли Мухидин Кабири,
Рахматулло Зоиров,
Саймуддин Дустов ва дигарон имкони рохбарии давлату
миллатро пеш бурдан доранд.
Хазорхо маротиба аз Эмомали
Рахмон босавод мебошанд,
дар байни халк маълуму
машхур мебошанд, чунки халкро хеч вакт фиреб
накардаанд. Сухроб Ш. кайд
менамояд, ки «Дар мо
аксарият дар масъалахои
байналмилали мавќеи
ончунон чиддие надоранд ва ба махзи вуќуъи бўхрони
чидди хамаашон хомуш
менишинанд ё мегўянд, ки
бояд созиш кард» Хамин
Эмомали Рахмон набуд, ки
миллати точикро мохи ноябри соли 2011 бо казияи
халабонхои рус ба вартаи
марг овард. Агар мавкеъи
чиддии байналмилали
медошт, пас аз фишори
Руссия моро химоя мекард. Тамоми мардум медонист, ки
халабонхо гайриконуни
нишастаанд, судхо хукмхои
гайриконуни мебароранд,
хазорхо одамон дар махбас
бегунох мебошанд, аммо Эмомали Рахмон мавкеъи
хомуширо карор дод. Модоме
ки хукми гайриодилонаи
суди шахри Кургонтеппа иваз
шуд, чаро суде ки хукм
баровард, имруз дар паси панчара намешинад, чаро
Прокурори Генералии ЧТ ки
дар тамоми чумхури дурустии
хукм ва одилона будани онро
дод мезад, баъди чанде
баръакс зертобеъаш нодурустии хукмро изхор
кард. Чаро Прокурори
Генералии ЧТ ба истеъфо
нарафт, барои он ки хамаи
онхо дар садои Эмомали
Рахмон ракс карда истодаанд, бинобар ин дар Точикистон
касе ки чи коре ки хохад,
хамон корро кардан мегирад.
Дар мусохиба ба хизбхои
сиёси тухмат карда мешавад,
ки « Аммо дар шароити кунунӣ ҳизбхои сиёси
медонанд, ки раќобат бо
Рахмон барояшон бисёр
душвор ва аз назари моли
сангин меафтаду натичааш
хам аз ќабл шикаст мебошад. Хаминхо боис шуда то аксари
онхо сухан аз ширкат
накардан дар интихоботро ба
миён оранд.» Хизбхо ба
интихобот бовари надоранд,
хама сохтакори ба вучуд меояд. Мохи феврали соли
2010 ман ба сифати нозири
интихобот дар хавзаи
интихоботии шахри Душанбе
ба мачлиси вакилони халки
шахри Душанбе иштирок доштам, бо чашми худ дидам,
ки чи тавр ракибе ки 95%
овоз гирифта буд, овозхояш
нодуруст хисоб карда шуд ва
ба номи дигар кас гузаронида
шуд. Мардум баъди интихобот хама нолон аз
ноадолати дар бинои ХНИТ
чамъ шуда буданд, тайёр
буданд, ки ба майдон бароянд
ва эътирози худро нисбати
Эмомали Р. нишон диханд, чунки шиори шафофияти
интихобот вайрон шуд,
кассами хурда ба шири модар
зери по монда шуд, аммо
Мухидин К. сади рохи онхо
шуд. Мана окилии шахс, кучо шуд окилии Эмомали Р. дар
Мачлиси Оли 4-5 нафар
фарди аслии миллат
нишастааст, дигар хама
ашхосе мебошад, ки онхоро
«дар асл» Эмомали Рахмон барои маоши хуб ва
гапдароияшон вакил таъин
кардааст, оё инро касе
намедонад, дируз раиси
хукумат буд, суд ё прокурор
буд, имруз вакили халк. Соли 1992 бо шиори баркарор
намудани Хукумати
конститутсиони чангу чанчол
ба вучуд омад, Хукумати
конститутсиони ин Президент
Рахмон Набиев ва раиси шурои Олии ЧТ Сафарали
Кенчаев буд, бинед аз аввали
омадан риёкори ба вучуд
омада буд, аввал Рахмон
Набиев аз хаёт ба тарики
ногахони, барои он ки даъвои хокими аз номи халк
нанамояд, рафт, баъд
сафарали Кенчаев паронида
шуд. Кани Хукумати
конститутсиони? Модоме ки
Эмомали рахмон вазифаталош набошад, пас
чаро дар холе ки Президент
Рахмон Набиев буд, халк уро
интихоб карда буд, ба гасби
хокимият машгул шуд. Дар
Точикистон системаи давлатдории президенти
лозим аст, лекин Точикистони
бе Эмомали Р. Хизбхои сиёси
ман боварии комил дорам, ки
дар маъракаи интихоботи
Президентии соли 2013 иштирок менамоянд ва
тамоми такалубкорихои
Эмомали рахмонро нишон
медиханд. Намегузоранд, ки
дигар у бори сангин барои
миллати мо бошад. Боварии комил дорам, ки итмоми
хаёти Эмомали Р. мисли
Казофи аз дасти халк ба
вучуд меояд, косаи халк
алакай лабрез шудааст.
Мардум имкони гузаронидани маъракаро аз руи салохдиди
худ надоранд, имкони
тарбияти фарзанди худро аз
руи акидаи худ надоранд,
имкони хондани намози
чумъаро дар масчиди интихобкардаи худ надоранд,
тамоми касофатихо аз
Эмомали рахмон омада
истодааст. Дар Точикистон
хеч вакт бо рохи осоишта
дигаргунии баъзе аз принсипхои бозихои сиёсиро
суръат бахшидан, барои ин
ислохоти сиёси дар чамъият
то ки системаи имрўза каме
дигаргун гардад, дигар
мумкин нест. Мардумро чи тавре ки нишон додам,
пулашро сахмия гуфта
гирифтанд. Арзиши баркро
баланд бардоштанд, 6-7 мох
кувваи барк нест, роххо
пулаки шуд, обуруи Президент намондааст, дар
асоси карори суди пули
шахсро намедиханд,
наздикони Президент чи
тавре ки хоханд, хамон тавр
хукмрони менамоянд, факат рохи инкилоб мондааст, то ки
сохтори сиёси дигар шавад.
Мо хохем, нахохем, дигар
пеши рохи ин равандро
умуман гирифта наметавонем,
факат ягон рохи халоси аз он ин истеъфои хаминрузаи
Президент мебошад, фардо
алакай дер мешавад. Дар
мусохиба оварда шудааст, ки
«Агар пештар онхо хизбхоро
намешинохтанд, имрўз куркурона кам овоз
медиханд» пас чи тавр вакте
ки кур курона кам кам овоз
дода бошанд, Эмомали
рахмон 97% овоз гирифтааст,
ки Президент шудааст. Мана натичаи фикрони. Ки хеч
вакт Эмомали Рахмон махбуби
халк набуд, кур курона кам
кам овоз дода шудааст. Дигар
овозхо бошад, дуздида ва
сохтакори карда шудаанд. Рахмон ракиби сиёси нест, у
дигар барои мардуми точик
ягон хизмате карда
наметавонад, факат барои он
ки пурсиши он ба вучуд
наояд, ки чаро муддати 20 сол чавру ситам мисли Захоки
Фирдавси ба Точикистон
кард, курсии мансабро дар
даст нигох доштааст. Дар
Точикистон на бозандаи
интихобот, балки голиби он норози мешавад, чунки
овозхоро хама такалубкори
менамоянд. Садхо шикоятхои
намояндахои ХНИТ дар судхо
мохи феврал марти соли 2010
ворид шуда буд, ягон тои он конеъ нашуд. Судяхо аз тарс
ки аз вазифа онхоро
Президенте ки таъин
кардааст, нагирад, ягон
шикоят ва ё ин ки аризаро
конеъ накарданд. Мана вокеият. Сухроб Ш. бо изхор
кардани акидаи он ки « Ваќте
дар ин чо суиистифодагари
шуд, бояд сохторхое бошанд
то ин равандро назорат ва
таќаллубкоронро мучозот кунанд» мавчуд будани
такаллубкориро нишон
медихад. Сохторхои
интихоботиро Президент бо
таъин кардани Раиси
Комиссияи марказии интихобот ва аъзоёни он
таъин менамояд, онхо аз
Президент вобастаги доранд.
Рахматулло Зоиров бехтарин
номзад ба Мачлиси Олии ЧТ
буд, дар мукобили у Шоев Шермахмад буд, ки дар байни
мардум ягон махбубият
надошт. Мардум мехост, ки
дар Мачлиси Олии ЧТ
ормонхои онхоро, харфи
онхоро Рахматулло З. садо дихад, аммо сохтакории
овозхо Шоев Ш-ро вакил
кард. Модоме ки Шоев Ш-ро
вакил интихоб карда
бошанд, чаро иродаи халкро
напурсида, Президент Шоев Ш-ро ба дигар вазифа равона
менамояд, наход дар чумхури
дигар шахсе набуд, ки
комиссияи марказии
интихоботро рохбари намояд,
агар ки Президент хамаро бо як чашм менигарист, пас чаро
Зоиров Р. сарвари ин
институти интихоби намонд.
Яъне ашхосе барои у лозим
буд, ки иродаи уро амали
гардонанд, боз интихоботи нав, боз пули халк барои
интихоб намудани вакили
нав сарф шуд. Оё ин аз
хакикатчуии Президент
Эмомали Р? Сухроб Ш. максади
Эмомали Р-ро нишон медихад «Дар ин байн мардумро дар
ин маъракахо дохил кардан
ва онхоро зери фишору тиру
тахдид ќарор додан нодуруст
аст» тир дар дасти кист, ягон
кас ярок надорад, ба хотири вахдат ва дусти хама ярокхо
супурда шуд, аммо тири
нишондодаро бояд ки
хокимияти давлати ба тарафи
халк паронад, то ки
хукмронии худро давом дихад. Биёед райъпурсии
умуми гузаронем, бо хисоб
намудани овозхои хаконии
халк, ки ба Эмомали рахмон
хамчун Президент бовари
дорад. Бовари дорам, ки гайр аз хешони худи у дигар касе
ба у бовари надорад. Дар
мусохиба кайд мешавад« Дар
халли масъалахои сангине аз
чумла муносибат бо
Узбакистон, бўхронхои дохили ва ѓайра, хеч кадом аз
хизбхои сиёсии мо барномаи
мушаххасеро пешниход
накард. Чи гуна метавон
муносибатро бо Узбакистон
бехбуд бахшид?» ягона рох истеъфои имрузаи Рахмон Э.
аст, Узбекистон ин холатро
хуб дарк менамояд, ки дар
Точикистон давлати
демократи вучуд надорад,
вагарна аз руи шартномахои баста Эмомали Р. ба судхои
дахлдор амали Узбекистонро
дихад. Дар масъалаи Талко
бинед, бахси суди шуд, 250
миллион доллар факат барои
кирояи адвокатхои хоричи дода шуд, окибат
шармандаги, ин суди
Точикистон набуд, ки гапи
Президентро гирифта, карори
дахлдор барорад. Дар
хакикат мо хам шаъну шараф ва номус дорем, аммо инро
рохбари давлат доро нест.
Ягон нодор пеши у даромада
наметавонад, ягон сухбати
ошкоро бо халк нест, хама
сохта, аз махдияхо дар нисбати у огоз мешаванд.
Кани Президенте ки хонаи
ман ояд, пурсад, ки чаро 70
мактуб ба номи ман навишти,
ман онхоро намехонам. Ман
ба бенавохо сару кор надорам, ягон суд ба доди
шумо намерасад. Мо аз ин
гунна Президенте ки ошкоро
бо мо сухбат намояд, фахр
менамоем. Кани сухбатхои
мисли путину медведев ки соатхои дароз бо
тамошобинон саволу чавоб
менамоянд. Маълум аст, ки
Президент ба ягон саволи
халк чавоб дода
наметавонад, аз хакл мегурезад. Пас чи тавр уро
Сухроб Ш. махбуби халк
эълон менамояд, номаълум
мемонанд. Кучахои шахри
Душанбе нисбати дигар
шахрхзо хурдтар хастанд, омадану рафтани Президент
чафо ба халк аст, роххо
махкам, одамон пиёда
сарсону саргардон мераванд.
Модоме ки Президент
махбуби халк бошад, пас мисли хама баробар дар
наклиёти чамъияти бошад,
хонаву дараш аз чойи кор
дур нест. 10-15 дакика пиёда
метавонад, ба кор равад, ки
мардум уро бинанд, фахр кунанд, ки Президент доранд.
Аммо аз сабабе ки у хеч вакт
махбуби хал набуд, ин корро
карда наметавонад. Дар
мусохиба оиди он нишон
дода шудааст, ки « Аммо хизбхои феълии мо дар
сурати ба сари хокимият
омадан, кадрхое надоранд то
давлатро идора кунанд»
Президент худ дар як
машварате гуфта буд. Ки дигар дар киссаш кадре
надорад. Пас фарки хизбхои
сиёси аз Президент дар чист.
Фарк дар он аст ки наздикони
Президент, мардуме ки зодаи
Балчувону Дангараанд, имруз кадр мебошанд, шахсони
дигар кадр нестанд. Дар
мусохиба кайд мешавад, «чуз
президенти феълии
Точикистон, хеч хизби сиёсии
кишвар стратегияи мушаххасе надорад. Танхо
дар мавориди хурд дар
масъалахои дини хизби ХНИТ
ва дар масъалахои хуќуќиву
ќонуният Рахматилло Зоиров
баъзе пешниходхо мекунанд. Дар ин байн Шоди Шабдолов,
ки аз инхо бузургтар аст,
хамчун рахбари ХКТ
метавонад барномаи хизби
худро монанди як китобча
пешниход намояду гуяд, ки дар сурати омадан, мо ин
тавру он тавр мекунем. Дар
дигар давлатхо хизбхо
барномаи рушди давлати
худро бо тахлилхои чидди
дар китоб чоп карда хатто бепул ба мардум вогузор
менамоянд. Аммо ин чизхо
дар мо тамоман дида
намешавад. Танхо ХХДТ ва
президент барномахои худро
хар сола пешниход менамояд. Ман то имрўз намедонам, ки
маќсади ХКТ ва ХНИТ чист?
ХНИТ чигуна давлате
мехохаду чигуна диндоронро
аз бединон чудо мекунад, ман
намедонам. Хамеша мегўянд, ки давлати демокративу
хуќуќбунёд. Аммо агар ин
тавр бошад, аслан ХНИТ ном
гирифтан лозим нест.» Чавоби
мусохиб ки худро 20 сол
сиёсатмадор мешуморад, хандаовар мебошад, модоме
ки максадхои ХКТ, ХНИТ,
Рахматулло Зоировро
надонед, пас чи тавр
мухокимарони оиди он
менамоед, ки «чуз президенти феълии Точикистон хеч
хизби сиёсии кишвар
стратегияи мушахасе
надорад». Пас максади ХНИТ-
ро надонед, чаро дар
хамоиши Саид Абдуллохи нури дар мохи марти соли
2012 дар бинои ХНИТ
иштирок доштед ва ХНИТ-ро
таъриф тасниф кардед?

пятница, 16 марта 2012 г.

Иқдомҳои ҳукумат зидди ҲНИТ ё дини ислом?

Вақте мегуем "иқдомҳои ҳукумат", албатта, ки иқдомҳои як шахсро дар назар дорем. Чунки ҳукумати Точикистонро як шахс бо исми Эмомали Раҳмон идора карда истодааст!

Пас ду суоле ба миён меояд, ки:
1) Ин иқдомҳо, чѝ иқдомҳоянд?
2) Ин иқдомҳо аз кучо маншаъ мегиранд?

Посух ба суоли аввал:
1) Таҳқиру таҳқиб ва лату куб кардани аъзоёни ҲНИТ.
Ба ҳар гуна баҳонаҳо ва туҳмату буҳтонҳои бардуруғ ба маҳкама кашидани баъзеи дигари аъзоёни ҲНИТ.
Бастани роҳҳои даромад ва маблағгузорѝ ба ҲНИТ.
Туҳмату буҳтонҳои бардуруғи рўирост ба худи ҲНИТ, ки гуё бо Чумҳурии Исломии Эрон алоқаманд ҳаст.
Бо ҳар роҳу восита кам кардани саршумори аъзоёни ҲНИТ. Яъне ба ҳар восита ба тангно гирифтани қавсаи аъзоёни ҲНИТ, то ки аз ҳизб хорич шаванд.
Бадном кардан ва резонидани обрўи ҲНИТ ба воситаи ҳаргуна чинояткорону қонуншиканоне, ки гуё ингуна ашхоси чиноятпеша алоқаманди ба ҲНИТ доранд, ё ин ки гуё яке аз аъзоёни ҲНИТ бошанд, ки дар асл ингуна ашхос ҳеч иртибот ва алоқамандие ба ҲНИТ надоранд. Яъне ин ҳам як навъи буҳтон дар ҳаққи ҲНИТ ҳаст.

Хулоса ҳамаи инҳо фишорҳое ҳастанд, ки ҳукумати Раҳмонов (на ин ки ҳукумати Точикистон), бар сари ҲНИТ оварда истодааст. Яъне ҲХДТ бо ҲНИТ рақобати солим карда натавониста, дар баробари ҲНИТ чунон заъифест, ки ҳатто кулли аъзоёни ҲХДТ бо як нафар оддитарин аъзои ҲНИТ рақобат карда наметавонанду дар ҳама гуна баҳсҳои илмию сиёсѝ очиз мебароянд, ки баъдан бо ингуна номардиҳо ва иқдомҳои носолиму ғайриқонунѝ даст мезананд!

Посух ба суоли дуввум:
2) Ҳамаи ин иқдомҳои номардонаву носолиму ғайриқонунѝ аз ғарб, бавижа аз ИМА ва олами саҳюнисти маншаъ мегиранд!
Чунки агар ба сиёсати пешгирифтаи Раҳмонов бо чашми хирад бингарем, пас мебинем, ки куллан щидди ислом қиём намудаасту ва ин нуре, ки дар тули 14-қарн ҳечгуна қудратмандоне, ки ҳазорҳо маротиба қудратмандтар аз Раҳмонов буданд, хомуш карда натавонистанду ҳама талошҳояшон бар бод рафта, Раҳмонов мехоҳад хомушаш намояд!
Аз дигар тарафи ин масъала агар бингарем, метавон гуфт, ки бо ин восита ва ба воситаи фишорҳо обардани ба ҲНИТ, дар таҳримҳо ва душмании олами ғарб бар зидди Эрон, фаъолона иштирок карда истодааст!

Бисёре аз сиёсатҳои пешгирифтаи Раҳмонов, бо бисёре аз сиёсатҳои пешгирифтаи раисчумҳури Озарбойчон чаноби Алиев, бениҳоят муташобеҳ ҳаст!
Ва сиёсатҳои ҳардуи ин раисчумҳурҳо шакку шубҳаҳоро гум менамоянду ба хулосае метавон омад, ки Раҳмонов куллан точик несту яке аз туркнажодҳои муқими Точикистон ҳаст!

Масалан чанд рўзе пеш, мақолае бо забони руси дар сомонаи интернетии www.rosbalt.ru , матлаби ачибе мутолиа намудам, ки мехоҳам як чузъи асосии ин матлабро бо таври мисол инчо бикорам:

"Интересная нараллель: эти действия Баку совпадают с нынешним подовлением "религиозного экстремизма" в более удаленном, но ираноязычном Таджикистане, чей президент Эмомали Рахмон также явно готовит разворот в сторону США. Рахмон при участии американского спецназа, переброшенного с афганской границы, зачищает Партию исламского возрождения Таджикистана, которую обвиняют в связах с Ираном. Алиев активно "прессует" Исламскую Партию Азербайджана, обвиняемую в том же. В обеих странах идут массовые аресты активистов этих партий.

Еще одно удивительное совпадение; сумы, которые от России за разные военные объекты в Баку и Душанбе, абсолютно одинаковы. Азербайджан затребовал обсурдные $300 млн в год за Габалу --- Таджикистан решает задачу выдавливания России требованием ровно тех же $300 млн за функционирование 201 военной базы РФ в Таджикистане. Возможно, это случайность, но она весьма символична."
Источник:
http://www.rosbalt.ru/exussr/2012/03/05/953555.html

Ин буд як мисолаке аз ҳазороҳо мисолҳое, ки далолатгари онеанд, ки Раҳмонов точик неву, яке аз туркнажодҳои муқими Точикистон ҳасту ва зидди исломи муқаддас қиём намудааст.

Ва оне, ки манъ намудани сатру ҳичоби авратони муслима ва манъ намудани риши суннатии мардона ва манъ кардани ба масочид рафтани чавонону наврасон ва ба ҳар баҳонаҳо бастани масочидҳо ва ба ҳар баҳонаҳо аз минбар ва меҳроб барканор намудани имомхатибон, метавонем чизе инчо нагуему нанависем. Чунки инаш ба ҳамаи курҳову биноҳо маълум ҳаст.

понедельник, 12 марта 2012 г.

Рекорди навбатии Раҳмонов

Дар тоърихи 12,03,2012, дар шабакаи телевизионии русии НТВ, дар барномаи иттилоотии "сегодня" оиди оне, ки дар кадом кишварҳои дунё бештар рузҳои истироҳати ва таътилҳо доранд, сухан мерафт, ки кишварҳое ба монанди Испониё, Фаронса, Руссиё, Итолиё, ИМА, Чопон ва ғайраро ба таври мисол овардаанд, ки дар рафти ҳисобу китобҳо ба хулосае омаданд ки кишварҳои Руссиё ва Фаронса дар чои аввал меистанд!
Яъне ин кишварҳо дар як сол 40-рузи истироҳати дошта будаанд.

Ва дар ҳамин масъала фикре ба сарам омад, ки "чара дар чои аввал Точикистонро нагузоштанд?"!
Чунки дар Точикистони мо солу моҳҳои дароз, рузҳои истироҳативу таътилист.
Яъне як сол, ки аз 365-руз иборат аст, дар Точикистон 400-рузи истироҳативу таътилист!

Шояд суоле ба миён биёяд, ки:
чигуна?
Масалан пушида нест, ки дар Точикистон аввалан куллан чои коре нест, ки ин худ баёнгари он аст, ки шахс дар ҳолати бекори доиман дар истироҳат ҳасту доиман дар ким кадом таътилҳое қарор дорад!
Ва баъдан ба замми ин баз дар календари мо, ончунон рузҳои истироҳати ба ҳар навъи чашнвораҳо зиёданд, ки ҳисобашро ёфтан душвор ҳаст!
Масалан:
Ид ё рўзи харбуза.
Ид ё рўзи асал.
Ид ё рўзи дави милли.
Ид ё рўзи ............
Хулоса ин гуна идҳои бемаъни чунон зиёданд, ки ба замми бекории аҳолии кишвар, ки алакай худ доиман дар истироҳатанд, боз ингуна идҳоро тарҳрези намудаанд, ки инро мегуянд "болои сўхта, намакоб".
Яъне мардум аз бекори намедонанд, ки сарашонро ба кадом гур бизанад, боз ин роҳбарони ноуҳдабарои кишвар бошанд, намедонанд буччаи давлатро, ки чизе ҳам дар ончо нест, дар кадом роҳ сарфаш намоянд!

Мана инро мегуянд "рекорди нави Раҳмонов дар боби рузҳои истироҳатии шаҳрвандонаш, баъд аз рекорди парчами буландтаринаш дар дунё"!

четверг, 9 февраля 2012 г.

Мукоисаи Точикистон бо Хитой

Боре бо шахси равшанфикру сиёсатмадору иктисоддону тахлилгари барчастае хамнишин шуда будам, ки мутаасифона наметавонам аз эшон ном бибарам, аз чанобашон суоле карда будам, ки:
"аз барои чи бошад ва сабаб дар чист, ки Чумхурии Мардумии Хитой, 1,5-милиард ахоли дораду, вале шох барин зиндаги доранду, аммо Точикистони мо хамаги 7-милион ахоли дораду, вале кашшоктарин миллат дар осиёи маркази хастему, ба гуломию гадои руй овардаем???"

Аммо дар посух ин марди кухансолу порсо гуфтанд:
"Хитой дар вакташ, аз мо дида бадтар буданд, аммо билохира ба хулосае омаданд, ки бояд тарзи нави сиёсатро пеш гирифт!
Масалан:
Шахсе ё шахрване агар мехост, ки корхона ё завод ё мини заводхо ё тичорати хусусии худро кушояд, бояд пеш аз ин рафта дар вазорат ё шуъбахои андозсупори, худ ва корхнаи худ ё мини заводи худ ё тичорати худро ба кайд гузораду аз чониби вазорат ё шуъбаи андоз, куллан бепул ва бе расходи ягон маблаг, хуччат ё гувохномае бигирад, ки дар он хуччат ё гувохнома кайд гардидааст, ин сохибкори навшуруъкардаасту куллан ба муддати 1 ё 2 ё баъзехо 3 -сол аз хама гуна андоз озод хаст. Ба тичорат ё корхонаи шахс нигох карда то як муддати муайян ин сохибкорро аз андоз озод мекарданд!
Чунки то ин муддат, сохибкор миёншикан нашаваду, комат ва иктисодиёти худ ва оилаи худ ва тичорати худро рост намояду мустахкам шавад!
Аммо вакте, ки ин муддати муайян ба охир расиду сихибкор ба чое расиду худро мустахкам намуд, пас худ ихтиёран рафта андоз супориро шуруъ мекунад.
Вале на яку якбора, балки аввал аз фоизи кам шуруъ мекунад, хамин тавр боз то як муддати муайян! Ва хамин тавр фоизхо зиёд шудан мегиранд бо муддатхои муайяни худ, то нуктаи даркорие, ки кодекси андоз муайян кардааст!
Аммо вакте, ки худ ихтиёран нарафт, пас ба кучо мегурезад, дар холе, ки дар кайди вазорат ё шуъбаи андоз хаст?
Ба хар хол уро дарёфт карда, хам чарима месупораду хам андоз!
Хикмати ин сиёсати пешгирифта дар он хаст, ки аз хамин хисоб барои оянда пояхои иктисодиёти кишварашонро мустахкам намуданду аз чихати дигар шумораи андозсупорон зиё шуд!
Ва ин сиёсати пешгирифта, мардуми хитойро ба чое оварда расонд, ки хатто бисёре аз ахолие, ки дар дехаю рустохо ба сар мебурданд, аз чихате, ки шароити муносиб надоштанд, ки дар алохидаги корхона ё мини заводхои худро ташкил бидиханду бисозанд, аз ноилочи дар дохили хавлихои худ утокхои махсусе сохтанд ё дар хонахои худ ба истехсолот шуруъ намуданд, на мисли мо ба хариду-фуруш!

Пас худ хулоса барор, ки вакте, ки хар як оиларо иктисодиёташ хуб шуд,
вакте, ки истехсолоти хурду калони дохили ба боло рафт,
вакте, ки андозсупорон бенихоят зиёд шуданд,
вакте, ки............... Хулоса чи мешавад?,,,, албата як кишваре чун Хитой мешавад!

Аммо дар Точикистони мо чи???,,,,

Дар кишвари мо чуз хариду-фурушу, чуз ароба кашию, чуз гадоиву талбидану, чуз мухочират, коре дигаре нест!
Аммо агар бихохи, ки сохибкор бошию даст ба истехсолот бизанию корхона ё завод ё минизавод ё фабрикаи худро дошта боши, пас холо ба кор шуруъ накарда, дархол хабаргиракхоят зиёд мешаванд! Аз он чумла "ТОЧИКСТАНДАРТ", "БАРКИ ТОЧИК", "КУМИТАИ АНДОЗ", "ПОЖАРНЫЙ ОХРАНА", "СЭС",,, ва гайра!

Пас ёбу гир!

Агар даромададро бо харочотат шумури, пас ба хулосае меои, ки харчи зудтар ин фикрро аз сарат дур намоию рохи мухочиратро пеш гири!"

Пас худ хулоса бароред!

четверг, 15 декабря 2011 г.

Сафсатаи навбатии Рахмону косалесонаш

Нусхаи аслии ин сафсатаро метавонед дар
http://www.ozodi.org/content/article/24422500.html дарёфт намоед!

Вакте, ки инро мутолиа намудам, дар хайрат уфтодам!

Мепурси, ки чаро?

Як дакика сабр намо хонандаи гироми, хозир мефахмонам.

Ман аз он дар хайрат уфтодам, ки
чи кадар аблах мебояд буд, ки ба ин сафсатахо бовар кард?
Наход, ки дар байни як миллати кухантоърихе, ки тоърихи хазорсолахо дорад, як нафаре ёфт нашавад, ки Рахмонро бо у иваз намоянд?

Ва чаро дар ин чамъомаду, мачлису, нишаст, он иштирокчиёни косалес (лаббайгуяк) аз ягон фарди гайри косалес ё ягон шахрванди кишвар ё ягон хизбхои сиёсии кишвар нопурсида, байни худ чунин хулоса бароварданд, ки гуё чуз авлоду аждоду хешу акрабои Рахмон, (аниктараш Рустами Эмомали), дигар касе нест, ки илми сиёсат дошта бошаду кишварро идора намояд?

Фикр кунам, ки ин гуна рохбарие, ки Рахмон карда истодааст, на танхо Рустами Эмомали, балки хар як фарди Точикистон ба хуби аз ухдааш мебарояд!
Хатто мактаббачахо низ!

Пас ин хаст, он суолхое, ки банда дар хайрат уфтодаму, посух мехохам!

Хитоби ман ба ин косалесону лаббайгуякхо ин хаст:
Хооой сиёсатмадороне, ки аз сиёсат тамоман буе намебаред!!!,,,
Чавонони лаёкатманду сиёсатмадори хубро, дар Точикистон нею, хорич аз кишвар чустучу намоед,
чунки бо ташаббуси сиёсати пешгирифтаи рохбаратону ва шумо косалесонаш, дар кишварамон аз фарди окилу одилу сиёсатмадор касе намондааст чуз кампирхою муйсафедхою авратону кудакон!!!

Пас хонандаи азиз худ хулоса барор, ки ин хукумату косалесоне, ки гайри конун амал менамоянд,
агар коре ба худашон писанд ояду ба манфиати кисахояшону курсихояшон бошад,,,
пас ману туву сарконун бозичаи дасташон хастему,
ва ризогию раъйи хар сеамон (аниктараш ману туву сарконун), барояшон мухим нест!

Агар чунин хаст,,,
пас чаро бояд дуруг бигуем, ки:
''ТОЧИКИСТОН ЧУМХУРИИ СОХИБИСТИКЛОЛИ ДЕМОКРАТИИ ДУНЯВИ ХАСТ''???
Чунки дар асл чунин нест!
Ин дуруги махз хаст, ки тули 20-сол мешавад, ки ин афсонаро мешунавем!

Муносибтар мебуд, агар ''ТОЧИКИСТОНИ РАХМОНИ'' меномидемаш,,,
чунки дигар фаркаш намондааст байни ''АРАБИСТОНИ САУДИ''!!!

среда, 14 декабря 2011 г.

Хамватанон

Марде, ки зи поки оби кавсар мехурд,

Хар лахза касам ба шири модар мехурд.

Рузе дидам аз барои мансаби худ,

Хамвора сари хазор бародар мехурд.

Эй хамватанон миллатам афгор шудаст,

Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст.

Эй хамнафасон санги газабро шиканед,

Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Мурги чаманам, дар чаман бедона,

Сохибватанам, чу беватан бехона.

Эй кавм туро умеди озоди нест,

То сачда куни ба киблаи бегона.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Ай вой, ки кавми тахнасорем хануз,

Гуё хираду акл надорем хануз.

Ай вой, ки худ ба чони хам уфтодем,

Мо неш ба зоту хеш дорем хануз.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

(Алимухаммад Муроди)
(ин шеъро аз сароянда ва овозхони афгоне бо номи Содик Шубоб шунидаам.)