Сафхаи асли

среда, 14 декабря 2011 г.

Хамватанон

Марде, ки зи поки оби кавсар мехурд,

Хар лахза касам ба шири модар мехурд.

Рузе дидам аз барои мансаби худ,

Хамвора сари хазор бародар мехурд.

Эй хамватанон миллатам афгор шудаст,

Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст.

Эй хамнафасон санги газабро шиканед,

Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Мурги чаманам, дар чаман бедона,

Сохибватанам, чу беватан бехона.

Эй кавм туро умеди озоди нест,

То сачда куни ба киблаи бегона.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Ай вой, ки кавми тахнасорем хануз,

Гуё хираду акл надорем хануз.

Ай вой, ки худ ба чони хам уфтодем,

Мо неш ба зоту хеш дорем хануз.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

(Алимухаммад Муроди)
(ин шеъро аз сароянда ва овозхони афгоне бо номи Содик Шубоб шунидаам.)

Комментариев нет:

Отправить комментарий