Аз рўи баъзе маълумотҳо дарёфтам, ки гўиё аксарияти мардуми худи Эрон аз сиёсат ва режими кунунии раисчумҳури ин кишвар, Маҳмуд Аҳмад Нажод норози ҳастанду ин режимро на онқадар чонибдори менамоянд.
Агар чунин ҳаст, пас кори онҳост, ки ризо ҳастанд ё на.
Аммо дар зеҳнам чизи дигаре давр мезанаду тасаввур менамоям, ки фарз кардем ҳамин Аҳмади Нажод дар Точикистони мо раисчумҳур мебуд.......
Ачаб оли мешуд!
Чун дар воқеъ бингарем, гуноҳ на дар Аҳмади Нажод ҳасту на дар каси дигаре ва ё дар чизи дигаре.
Гуноҳ танҳо дар сохти давлатдории ин сарзамин ҳасту халос (албатта дар чашми олами ғарб, яҳуду насорро), ки Чумҳурии Исломист, ҳамин!
Яъне чои ин абармарди ирони ҳаркасе, ки мебуд албатта қавсаашро ба танг мегирифтанду таҳирмбандиаш менамуданд. Ба шарте, ки мисли ҳамин Аҳмади Нажод бо ғайрату бо ғурури милливу диниаш пойбарчо мемнду назди ҳар истилогаре сар хам наменамуду дар воқеъ мустақилияти ҳақиқиро мехосту расонидани ин сарзаминро ба авчи қудратҳо мехост!
Яъне гуноҳи Аҳмади Нажод танҳо дар ин аст, ки пеши касеву чизе сар хам накарду накарда истодааст.
Сиёсати пешгирифтаи роҳбарони Эронро бениҳоят эҳтиром менамоям. Чун ягона сохти давлатдори ва сиёати ҳукуматиест, ки дар курраи замин писандам ҳаст!
Точикистон на танҳо, балки кулли аҳон бояд сиёсат ва давлату давлатдориро аз Эрон биомузанд!
Худаш бар худаш хучаин аст.
Агар кореро бихоҳад анчом бидиҳад, пас аз касе фатво ногирифта, роҳбарон худ миёни худ машварат намуда ба хулосае меоянду анчом медиҳанд.
Баъди ба сиёсати Эрон назар афкандан, дубора ба сиёсати кунунии Точикистон назар менамоем.........
Рости, шарм медорам сиёсати кишвари худро бо сиёсати Эрон муқоиса намоям!
Мутаассифона боз баъзан бадбахтони гумроҳу чоҳили кур (ки шояд дар асл гумроҳу чоҳилу кур набошанду, ҳама ин сафсатагўиву ёвагўиро махсус ва бо ҳадаф мекарда бошанд), дар мадҳиясароиву васф намудани чаноби чоҳилашон Рамавонуф кафкҳои даҳонашонро дошта наметавонанду сиёсати Эронро таҳқир намуда худи ирониҳоро шиъа гуён чи туҳматҳое намезананду оиди ин бародаронамо ёваҳое намегуянд.
Зиёд не, балки як мисолаке мезанам.
Масалан фарз кардем, ки чои мо точикон ирониҳо мебуданду, чои Рамавонуфи мо Аҳмади Нажод. Ва русҳо барои ду халабони чинояткарошон чунин тасмим мегирифтанд, ки бо мо гирифта буданд,,,,,,!
Ирониҳо чи мекарданд?
Аҳмади Нажод чи тасмиме мегирифт?
Фикр кунам ҳочат ба баён нест, чунки ҳатто ба девона ҳам маълум ҳаст!
Хушбахтона дар миллати эронзанмин маҳалчиги нест, балки миллатыиги ҳаст. Агар ирониҳо миллатчи намебуданду миллатдустор намебуданд мисли русҳо, пас худо донотар ҳат, ки ҳоло ҳолашон чи буд!
Пас мо точикон низ бояд миллатчи бошем, на маҳалгаро. Чунки яке аз сарчашмаҳои бадбахтии мо, маҳз дар ҳамин маҳалгароиамон ҳаст!
Комментариев нет:
Отправить комментарий