Дар тоърихи 12,03,2012, дар шабакаи телевизионии русии НТВ, дар барномаи иттилоотии "сегодня" оиди оне, ки дар кадом кишварҳои дунё бештар рузҳои истироҳати ва таътилҳо доранд, сухан мерафт, ки кишварҳое ба монанди Испониё, Фаронса, Руссиё, Итолиё, ИМА, Чопон ва ғайраро ба таври мисол овардаанд, ки дар рафти ҳисобу китобҳо ба хулосае омаданд ки кишварҳои Руссиё ва Фаронса дар чои аввал меистанд!
Яъне ин кишварҳо дар як сол 40-рузи истироҳати дошта будаанд.
Ва дар ҳамин масъала фикре ба сарам омад, ки "чара дар чои аввал Точикистонро нагузоштанд?"!
Чунки дар Точикистони мо солу моҳҳои дароз, рузҳои истироҳативу таътилист.
Яъне як сол, ки аз 365-руз иборат аст, дар Точикистон 400-рузи истироҳативу таътилист!
Шояд суоле ба миён биёяд, ки:
чигуна?
Масалан пушида нест, ки дар Точикистон аввалан куллан чои коре нест, ки ин худ баёнгари он аст, ки шахс дар ҳолати бекори доиман дар истироҳат ҳасту доиман дар ким кадом таътилҳое қарор дорад!
Ва баъдан ба замми ин баз дар календари мо, ончунон рузҳои истироҳати ба ҳар навъи чашнвораҳо зиёданд, ки ҳисобашро ёфтан душвор ҳаст!
Масалан:
Ид ё рўзи харбуза.
Ид ё рўзи асал.
Ид ё рўзи дави милли.
Ид ё рўзи ............
Хулоса ин гуна идҳои бемаъни чунон зиёданд, ки ба замми бекории аҳолии кишвар, ки алакай худ доиман дар истироҳатанд, боз ингуна идҳоро тарҳрези намудаанд, ки инро мегуянд "болои сўхта, намакоб".
Яъне мардум аз бекори намедонанд, ки сарашонро ба кадом гур бизанад, боз ин роҳбарони ноуҳдабарои кишвар бошанд, намедонанд буччаи давлатро, ки чизе ҳам дар ончо нест, дар кадом роҳ сарфаш намоянд!
Мана инро мегуянд "рекорди нави Раҳмонов дар боби рузҳои истироҳатии шаҳрвандонаш, баъд аз рекорди парчами буландтаринаш дар дунё"!
Комментариев нет:
Отправить комментарий