Сафхаи асли

четверг, 15 декабря 2011 г.

Сафсатаи навбатии Рахмону косалесонаш

Нусхаи аслии ин сафсатаро метавонед дар
http://www.ozodi.org/content/article/24422500.html дарёфт намоед!

Вакте, ки инро мутолиа намудам, дар хайрат уфтодам!

Мепурси, ки чаро?

Як дакика сабр намо хонандаи гироми, хозир мефахмонам.

Ман аз он дар хайрат уфтодам, ки
чи кадар аблах мебояд буд, ки ба ин сафсатахо бовар кард?
Наход, ки дар байни як миллати кухантоърихе, ки тоърихи хазорсолахо дорад, як нафаре ёфт нашавад, ки Рахмонро бо у иваз намоянд?

Ва чаро дар ин чамъомаду, мачлису, нишаст, он иштирокчиёни косалес (лаббайгуяк) аз ягон фарди гайри косалес ё ягон шахрванди кишвар ё ягон хизбхои сиёсии кишвар нопурсида, байни худ чунин хулоса бароварданд, ки гуё чуз авлоду аждоду хешу акрабои Рахмон, (аниктараш Рустами Эмомали), дигар касе нест, ки илми сиёсат дошта бошаду кишварро идора намояд?

Фикр кунам, ки ин гуна рохбарие, ки Рахмон карда истодааст, на танхо Рустами Эмомали, балки хар як фарди Точикистон ба хуби аз ухдааш мебарояд!
Хатто мактаббачахо низ!

Пас ин хаст, он суолхое, ки банда дар хайрат уфтодаму, посух мехохам!

Хитоби ман ба ин косалесону лаббайгуякхо ин хаст:
Хооой сиёсатмадороне, ки аз сиёсат тамоман буе намебаред!!!,,,
Чавонони лаёкатманду сиёсатмадори хубро, дар Точикистон нею, хорич аз кишвар чустучу намоед,
чунки бо ташаббуси сиёсати пешгирифтаи рохбаратону ва шумо косалесонаш, дар кишварамон аз фарди окилу одилу сиёсатмадор касе намондааст чуз кампирхою муйсафедхою авратону кудакон!!!

Пас хонандаи азиз худ хулоса барор, ки ин хукумату косалесоне, ки гайри конун амал менамоянд,
агар коре ба худашон писанд ояду ба манфиати кисахояшону курсихояшон бошад,,,
пас ману туву сарконун бозичаи дасташон хастему,
ва ризогию раъйи хар сеамон (аниктараш ману туву сарконун), барояшон мухим нест!

Агар чунин хаст,,,
пас чаро бояд дуруг бигуем, ки:
''ТОЧИКИСТОН ЧУМХУРИИ СОХИБИСТИКЛОЛИ ДЕМОКРАТИИ ДУНЯВИ ХАСТ''???
Чунки дар асл чунин нест!
Ин дуруги махз хаст, ки тули 20-сол мешавад, ки ин афсонаро мешунавем!

Муносибтар мебуд, агар ''ТОЧИКИСТОНИ РАХМОНИ'' меномидемаш,,,
чунки дигар фаркаш намондааст байни ''АРАБИСТОНИ САУДИ''!!!

среда, 14 декабря 2011 г.

Хамватанон

Марде, ки зи поки оби кавсар мехурд,

Хар лахза касам ба шири модар мехурд.

Рузе дидам аз барои мансаби худ,

Хамвора сари хазор бародар мехурд.

Эй хамватанон миллатам афгор шудаст,

Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст.

Эй хамнафасон санги газабро шиканед,

Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Мурги чаманам, дар чаман бедона,

Сохибватанам, чу беватан бехона.

Эй кавм туро умеди озоди нест,

То сачда куни ба киблаи бегона.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Ай вой, ки кавми тахнасорем хануз,

Гуё хираду акл надорем хануз.

Ай вой, ки худ ба чони хам уфтодем,

Мо неш ба зоту хеш дорем хануз.

Эй хамватанон,
Эй хамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

(Алимухаммад Муроди)
(ин шеъро аз сароянда ва овозхони афгоне бо номи Содик Шубоб шунидаам.)