Боре бо шахси равшанфикру сиёсатмадору иктисоддону тахлилгари барчастае хамнишин шуда будам, ки мутаасифона наметавонам аз эшон ном бибарам, аз чанобашон суоле карда будам, ки:
"аз барои чи бошад ва сабаб дар чист, ки Чумхурии Мардумии Хитой, 1,5-милиард ахоли дораду, вале шох барин зиндаги доранду, аммо Точикистони мо хамаги 7-милион ахоли дораду, вале кашшоктарин миллат дар осиёи маркази хастему, ба гуломию гадои руй овардаем???"
Аммо дар посух ин марди кухансолу порсо гуфтанд:
"Хитой дар вакташ, аз мо дида бадтар буданд, аммо билохира ба хулосае омаданд, ки бояд тарзи нави сиёсатро пеш гирифт!
Масалан:
Шахсе ё шахрване агар мехост, ки корхона ё завод ё мини заводхо ё тичорати хусусии худро кушояд, бояд пеш аз ин рафта дар вазорат ё шуъбахои андозсупори, худ ва корхнаи худ ё мини заводи худ ё тичорати худро ба кайд гузораду аз чониби вазорат ё шуъбаи андоз, куллан бепул ва бе расходи ягон маблаг, хуччат ё гувохномае бигирад, ки дар он хуччат ё гувохнома кайд гардидааст, ин сохибкори навшуруъкардаасту куллан ба муддати 1 ё 2 ё баъзехо 3 -сол аз хама гуна андоз озод хаст. Ба тичорат ё корхонаи шахс нигох карда то як муддати муайян ин сохибкорро аз андоз озод мекарданд!
Чунки то ин муддат, сохибкор миёншикан нашаваду, комат ва иктисодиёти худ ва оилаи худ ва тичорати худро рост намояду мустахкам шавад!
Аммо вакте, ки ин муддати муайян ба охир расиду сихибкор ба чое расиду худро мустахкам намуд, пас худ ихтиёран рафта андоз супориро шуруъ мекунад.
Вале на яку якбора, балки аввал аз фоизи кам шуруъ мекунад, хамин тавр боз то як муддати муайян! Ва хамин тавр фоизхо зиёд шудан мегиранд бо муддатхои муайяни худ, то нуктаи даркорие, ки кодекси андоз муайян кардааст!
Аммо вакте, ки худ ихтиёран нарафт, пас ба кучо мегурезад, дар холе, ки дар кайди вазорат ё шуъбаи андоз хаст?
Ба хар хол уро дарёфт карда, хам чарима месупораду хам андоз!
Хикмати ин сиёсати пешгирифта дар он хаст, ки аз хамин хисоб барои оянда пояхои иктисодиёти кишварашонро мустахкам намуданду аз чихати дигар шумораи андозсупорон зиё шуд!
Ва ин сиёсати пешгирифта, мардуми хитойро ба чое оварда расонд, ки хатто бисёре аз ахолие, ки дар дехаю рустохо ба сар мебурданд, аз чихате, ки шароити муносиб надоштанд, ки дар алохидаги корхона ё мини заводхои худро ташкил бидиханду бисозанд, аз ноилочи дар дохили хавлихои худ утокхои махсусе сохтанд ё дар хонахои худ ба истехсолот шуруъ намуданд, на мисли мо ба хариду-фуруш!
Пас худ хулоса барор, ки вакте, ки хар як оиларо иктисодиёташ хуб шуд,
вакте, ки истехсолоти хурду калони дохили ба боло рафт,
вакте, ки андозсупорон бенихоят зиёд шуданд,
вакте, ки............... Хулоса чи мешавад?,,,, албата як кишваре чун Хитой мешавад!
Аммо дар Точикистони мо чи???,,,,
Дар кишвари мо чуз хариду-фурушу, чуз ароба кашию, чуз гадоиву талбидану, чуз мухочират, коре дигаре нест!
Аммо агар бихохи, ки сохибкор бошию даст ба истехсолот бизанию корхона ё завод ё минизавод ё фабрикаи худро дошта боши, пас холо ба кор шуруъ накарда, дархол хабаргиракхоят зиёд мешаванд! Аз он чумла "ТОЧИКСТАНДАРТ", "БАРКИ ТОЧИК", "КУМИТАИ АНДОЗ", "ПОЖАРНЫЙ ОХРАНА", "СЭС",,, ва гайра!
Пас ёбу гир!
Агар даромададро бо харочотат шумури, пас ба хулосае меои, ки харчи зудтар ин фикрро аз сарат дур намоию рохи мухочиратро пеш гири!"
Пас худ хулоса бароред!