Вақте мегуем "иқдомҳои ҳукумат", албатта, ки иқдомҳои як шахсро дар назар дорем. Чунки ҳукумати Точикистонро як шахс бо исми Эмомали Раҳмон идора карда истодааст!
Пас ду суоле ба миён меояд, ки:
1) Ин иқдомҳо, чѝ иқдомҳоянд?
2) Ин иқдомҳо аз кучо маншаъ мегиранд?
Посух ба суоли аввал:
1) Таҳқиру таҳқиб ва лату куб кардани аъзоёни ҲНИТ.
Ба ҳар гуна баҳонаҳо ва туҳмату буҳтонҳои бардуруғ ба маҳкама кашидани баъзеи дигари аъзоёни ҲНИТ.
Бастани роҳҳои даромад ва маблағгузорѝ ба ҲНИТ.
Туҳмату буҳтонҳои бардуруғи рўирост ба худи ҲНИТ, ки гуё бо Чумҳурии Исломии Эрон алоқаманд ҳаст.
Бо ҳар роҳу восита кам кардани саршумори аъзоёни ҲНИТ. Яъне ба ҳар восита ба тангно гирифтани қавсаи аъзоёни ҲНИТ, то ки аз ҳизб хорич шаванд.
Бадном кардан ва резонидани обрўи ҲНИТ ба воситаи ҳаргуна чинояткорону қонуншиканоне, ки гуё ингуна ашхоси чиноятпеша алоқаманди ба ҲНИТ доранд, ё ин ки гуё яке аз аъзоёни ҲНИТ бошанд, ки дар асл ингуна ашхос ҳеч иртибот ва алоқамандие ба ҲНИТ надоранд. Яъне ин ҳам як навъи буҳтон дар ҳаққи ҲНИТ ҳаст.
Хулоса ҳамаи инҳо фишорҳое ҳастанд, ки ҳукумати Раҳмонов (на ин ки ҳукумати Точикистон), бар сари ҲНИТ оварда истодааст. Яъне ҲХДТ бо ҲНИТ рақобати солим карда натавониста, дар баробари ҲНИТ чунон заъифест, ки ҳатто кулли аъзоёни ҲХДТ бо як нафар оддитарин аъзои ҲНИТ рақобат карда наметавонанду дар ҳама гуна баҳсҳои илмию сиёсѝ очиз мебароянд, ки баъдан бо ингуна номардиҳо ва иқдомҳои носолиму ғайриқонунѝ даст мезананд!
Посух ба суоли дуввум:
2) Ҳамаи ин иқдомҳои номардонаву носолиму ғайриқонунѝ аз ғарб, бавижа аз ИМА ва олами саҳюнисти маншаъ мегиранд!
Чунки агар ба сиёсати пешгирифтаи Раҳмонов бо чашми хирад бингарем, пас мебинем, ки куллан щидди ислом қиём намудаасту ва ин нуре, ки дар тули 14-қарн ҳечгуна қудратмандоне, ки ҳазорҳо маротиба қудратмандтар аз Раҳмонов буданд, хомуш карда натавонистанду ҳама талошҳояшон бар бод рафта, Раҳмонов мехоҳад хомушаш намояд!
Аз дигар тарафи ин масъала агар бингарем, метавон гуфт, ки бо ин восита ва ба воситаи фишорҳо обардани ба ҲНИТ, дар таҳримҳо ва душмании олами ғарб бар зидди Эрон, фаъолона иштирок карда истодааст!
Бисёре аз сиёсатҳои пешгирифтаи Раҳмонов, бо бисёре аз сиёсатҳои пешгирифтаи раисчумҳури Озарбойчон чаноби Алиев, бениҳоят муташобеҳ ҳаст!
Ва сиёсатҳои ҳардуи ин раисчумҳурҳо шакку шубҳаҳоро гум менамоянду ба хулосае метавон омад, ки Раҳмонов куллан точик несту яке аз туркнажодҳои муқими Точикистон ҳаст!
Масалан чанд рўзе пеш, мақолае бо забони руси дар сомонаи интернетии www.rosbalt.ru , матлаби ачибе мутолиа намудам, ки мехоҳам як чузъи асосии ин матлабро бо таври мисол инчо бикорам:
"Интересная нараллель: эти действия Баку совпадают с нынешним подовлением "религиозного экстремизма" в более удаленном, но ираноязычном Таджикистане, чей президент Эмомали Рахмон также явно готовит разворот в сторону США. Рахмон при участии американского спецназа, переброшенного с афганской границы, зачищает Партию исламского возрождения Таджикистана, которую обвиняют в связах с Ираном. Алиев активно "прессует" Исламскую Партию Азербайджана, обвиняемую в том же. В обеих странах идут массовые аресты активистов этих партий.
Еще одно удивительное совпадение; сумы, которые от России за разные военные объекты в Баку и Душанбе, абсолютно одинаковы. Азербайджан затребовал обсурдные $300 млн в год за Габалу --- Таджикистан решает задачу выдавливания России требованием ровно тех же $300 млн за функционирование 201 военной базы РФ в Таджикистане. Возможно, это случайность, но она весьма символична."
Источник:
http://www.rosbalt.ru/exussr/2012/03/05/953555.html
Ин буд як мисолаке аз ҳазороҳо мисолҳое, ки далолатгари онеанд, ки Раҳмонов точик неву, яке аз туркнажодҳои муқими Точикистон ҳасту ва зидди исломи муқаддас қиём намудааст.
Ва оне, ки манъ намудани сатру ҳичоби авратони муслима ва манъ намудани риши суннатии мардона ва манъ кардани ба масочид рафтани чавонону наврасон ва ба ҳар баҳонаҳо бастани масочидҳо ва ба ҳар баҳонаҳо аз минбар ва меҳроб барканор намудани имомхатибон, метавонем чизе инчо нагуему нанависем. Чунки инаш ба ҳамаи курҳову биноҳо маълум ҳаст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий