Сафхаи асли

четверг, 28 июня 2012 г.

Раҳмон бо ду иқдом метавонад худ ва кишвару миллатро начот бидиҳад

Ба касе пушида нест, ки худи Раҳмон, раисчумҳури ғайриқонунии Точикистон дар чи вазъ қарор дораду ва кишвари точикон бо миллаташ дар чи вазъ.
Яъне мо ё ин ки худи Раҳмон бихоҳад (бихоҳем) ё нахоҳад (нахоҳем) ҳам режими сохта шудаи кунуниаш ба зуди шикаст хоҳад хурду ва Раҳмон аз курсиаш сарнагун хоҳад шуд! (Иншооллоҳ).

Каме ҳам бошад сари масъалаи кишвари точикон бо миллаташ бипардозем.

Инак 20-сол қабл ҳукумати шурави барҳам хурда аз байн рафт ва Раҳмон курсии президентиро ғайриқонуни соҳиб гашту тибқи гуфтаҳои режими раҳмони, Точикистон соҳибистиқлол гашт, яъне мустаъқилиятро ба даст овард. Бале, мустаъқилияте, ки Раҳмон якчо бо Точикистон аз кремл идора карда мешавад!

Хуб, инак 20-сол Раҳмон бо Рустамашу Озодаашу Тахминаашу ва дигаронашу ва туркнажодони муқими Данғараву Балчувонаш, хурда катаги карда гашт давлат ба давлат қарз чамъ карда дар ҳолати мадҳуши!
Точикистоне, ки худ ба андозаи пари парвона хурд ҳаст, тиккаву пора намуда тақсимаш кард ва то ҳол карда истодааст!
Миллати точик ва сокинони ин кишварро бар ғуломон табдил карда аз ватан беватан кард!

Хулоса ҳарчи кард, бениҳоят зишт кард, ҳам дар ҳаққи миллати точик ва ҳам дар ҳаққи ватани точик!
То он андоза зишт кард, ки ҳатто Чингизхон дар ҳаққи ин миллат чунин накарда буд!

Хуб, бармегардем сари масъалае, ки оё Раҳмон шонсе дорад ё на?

Бале, Раҳмон ду шонсе дорад (албатта ба назари банда), ки метавонад бо гирифтани ин ду иқдом, худ ва кишвару миллатро начот бидиҳад!

1. Раҳмон бояд иқдоме бигирад, ки дар Точикистон хатти (ҳуруфи) порси чори карда шавад!
Яъне қонуне қабул намояду ба имзо бирасонад, ки дар Точикистон баяд ба хатти порси бозгарданд!

2. Дар интихоботи раисчумҳурии соли 2013 номзадиашро нагузораду ба истеъфо биравад!
Ва ҳатто барои гузоштани шахсияте аз клани худаш ҳам кушише нанамояд!

Мехоҳам оиди ин ду иқдом рушани андозам.
Маслан ба иқдоме, ки бояд ба хатти ниёконамон баргардем, Раҳмон метавонад баъд аз худ исмашро дар сафҳаи сафеди тоърихи ин миллат сабт намояд. (гарчанде, ки исмашро аз сафҳаи сиёҳи тоърихи ин миллат пок карда наметавонад).

Сафҳаҳои адабиёти классикии форс-точикро варақ зада мебинем, ки аз Рудакѝ шуруъ карда то хотамулшуарои ин миллат бо фиғонҳову машаққатҳое аз олам даргузаштаанд! Яъне дар хуни мо чунин будааст, ки ҳатман орифони худро бо дасти худ таҳқир менамоему ва ҳатто ба қатл ҳам мерасонем, чигунае ки қавми яҳудро паёмбаркуш меноманд, коре менамоем, ки дар оянда моро низ қавми шоиркушу орифкуш биноманд.
Масалан: Рудакиро чашмонашро кур кардем!
Бадриддини Ҳилолиро дар бозори Ҳирот сангсор карда ба қатл расонидем!
Мансури Ҳаллочро сарашро аз танаш чудо намуда куштем!.......
Хулоса то ба имрўз, ки Лоиқро аз ғами миллат ғамбодда карда куштем......
"Пас биёед устод Муҳаммадчон Шукуриро ҳам аз ғами забону хатти ин миллат ба бемориаш шиддат бахшида бикушему ва устод Зафар Мирзоён, ки чавонтар ҳастанд, боз дар ягон толоре ҳучум болояш намуда шаттакаш карда мекушемашу ва шоир Бозор Собирро ҳам сарашро аз танаш чудо менамоем ё дастону ангуштонашро қатъ мекунем то ки дарси ибрат ба дигар орифону шоирону зиёиён гардаду дигар чуръате нанамояд, то ки бар зидди ислому қуръон суханвари намоянд!........

Инак сари иқдоми дуввум, ки Раҳмон бояд биравад ва рафтанаш ҳатмист!
Масалан: Раҳмон бо рафтанаш аз курсии президенти, метавонад дар Точикистон оромию осудагиро ҳифз намояд ва бо ихтиёри худ рафтанаш алакай хидмати бузурге хоҳад шуд бар ин миллат!
Агар канор наравад ҳам, канораш менамоянд!
Чунки дар ҳоли канор нарафтанаш ҳатман саҳнаҳои баҳори араби дар Точикистон такрор хоҳад шуд ва баъдан алакай дер мешаваду шармандавор ва чун чинояткоре канораш менамоянд!
Чунки алакай оташи инқилоб пухта расидаасту танҳо гугирд ва ё гугирдзане лозим то инқилоб ба вуқуъ ояд.

Шояд барои Раҳмон дигар шонсҳоеҳам вучуд дошта бошанд, аммо банда фикр кунам ин ду иқдоме, ки дар боло зикр кардам, аввалин ва беҳтаринҳояш бошад, ҳам бар худи Раҳмон бо оилаашу ақрабояш ва ҳам бар кишвару миллат!

суббота, 9 июня 2012 г.

Сиёати Эрон беҳтарини сиёсатҳост

Аз рўи баъзе маълумотҳо дарёфтам, ки гўиё аксарияти мардуми худи Эрон аз сиёсат ва режими кунунии раисчумҳури ин кишвар, Маҳмуд Аҳмад Нажод норози ҳастанду ин режимро на онқадар чонибдори менамоянд.
Агар чунин ҳаст, пас кори онҳост, ки ризо ҳастанд ё на.

Аммо дар зеҳнам чизи дигаре давр мезанаду тасаввур менамоям, ки фарз кардем ҳамин Аҳмади Нажод дар Точикистони мо раисчумҳур мебуд.......
Ачаб оли мешуд!

Чун дар воқеъ бингарем, гуноҳ на дар Аҳмади Нажод ҳасту на дар каси дигаре ва ё дар чизи дигаре.
Гуноҳ танҳо дар сохти давлатдории ин сарзамин ҳасту халос (албатта дар чашми олами ғарб, яҳуду насорро), ки Чумҳурии Исломист, ҳамин!
Яъне чои ин абармарди ирони ҳаркасе, ки мебуд албатта қавсаашро ба танг мегирифтанду таҳирмбандиаш менамуданд. Ба шарте, ки мисли ҳамин Аҳмади Нажод бо ғайрату бо ғурури милливу диниаш пойбарчо мемнду назди ҳар истилогаре сар хам наменамуду дар воқеъ мустақилияти ҳақиқиро мехосту расонидани ин сарзаминро ба авчи қудратҳо мехост!
Яъне гуноҳи Аҳмади Нажод танҳо дар ин аст, ки пеши касеву чизе сар хам накарду накарда истодааст.

Сиёсати пешгирифтаи роҳбарони Эронро бениҳоят эҳтиром менамоям. Чун ягона сохти давлатдори ва сиёати ҳукуматиест, ки дар курраи замин писандам ҳаст!

Точикистон на танҳо, балки кулли аҳон бояд сиёсат ва давлату давлатдориро аз Эрон биомузанд!
Худаш бар худаш хучаин аст.
Агар кореро бихоҳад анчом бидиҳад, пас аз касе фатво ногирифта, роҳбарон худ миёни худ машварат намуда ба хулосае меоянду анчом медиҳанд.

Баъди ба сиёсати Эрон назар афкандан, дубора ба сиёсати кунунии Точикистон назар менамоем.........
Рости, шарм медорам сиёсати кишвари худро бо сиёсати Эрон муқоиса намоям!

Мутаассифона боз баъзан бадбахтони гумроҳу чоҳили кур (ки шояд дар асл гумроҳу чоҳилу кур набошанду, ҳама ин сафсатагўиву ёвагўиро махсус ва бо ҳадаф мекарда бошанд), дар мадҳиясароиву васф намудани чаноби чоҳилашон Рамавонуф кафкҳои даҳонашонро дошта наметавонанду сиёсати Эронро таҳқир намуда худи ирониҳоро шиъа гуён чи туҳматҳое намезананду оиди ин бародаронамо ёваҳое намегуянд.

Зиёд не, балки як мисолаке мезанам.
Масалан фарз кардем, ки чои мо точикон ирониҳо мебуданду, чои Рамавонуфи мо Аҳмади Нажод. Ва русҳо барои ду халабони чинояткарошон чунин тасмим мегирифтанд, ки бо мо гирифта буданд,,,,,,!
Ирониҳо чи мекарданд?
Аҳмади Нажод чи тасмиме мегирифт?
Фикр кунам ҳочат ба баён нест, чунки ҳатто ба девона ҳам маълум ҳаст!
Хушбахтона дар миллати эронзанмин маҳалчиги нест, балки миллатыиги ҳаст. Агар ирониҳо миллатчи намебуданду миллатдустор намебуданд мисли русҳо, пас худо донотар ҳат, ки ҳоло ҳолашон чи буд!

Пас мо точикон низ бояд миллатчи бошем, на маҳалгаро. Чунки яке аз сарчашмаҳои бадбахтии мо, маҳз дар ҳамин маҳалгароиамон ҳаст!